Намебахшам (Namebakhsham)
Зи баъди он ҳама ашке, ки аз ранҷи ту бигристам
Дилам ҳаргиз набигзорад, бароят бӯсса бифиристам
Ту ғарқи хеш меболи, надиди он чӣ бояд дид
Саду якбор лаби соҳил, пайёми ғусса бинвиштам
~~~~ припев/chorus ~~~~~
Ба чашми ту намерахшам, туро ҳаргиз намебахшам
[3x]
~~~~~~~~~~~~~~
Зи баъди он ҳама шабҳо, ки ҳамдардам фақат маҳ буд
Ду дастам бар дуои ту, ду чашмам ҷониби раҳ буд
Ту побанди нишоти худ, басе бедард хандиди
Дар он рӯзе, ки бар қалбам саду як ғуссае таҳ буд
припев/chorus
Агар имрӯз пушаймони, китоби ишқ мехони
Гуноҳатро чи пур бахшам, ту қадри дил намедони
Агар сад ҷон биспори ваё сад рӯд мебори
Хатоятро намешӯяд, дигар дар дил намемони
припев/chorus