Раҳгузари (Rahguzari)
=== припев =============
Ҳей, раҳгузари фирорӣи ман,
армони дилам шикаста бигзар,
Лабҳои маро ба соате чарх
бар соғаре хеш баста бигзар.
[2х]
======================
Ай пайку наҷоту дилрабоӣ,
Дастони маро бигир бар даст.
Аз чанги аҷал дилам раҳо кун,
В-аз бодаи меҳри худ бикун маст.
[2х]
припев.
Дар шохаи дил агар бубини,
Ҷуз ишқ дигар самар надорад.
Аз ғайри шукуфаҳои тақдир,
Чизе ба барам дигар надорам.
Бигзор барӯи шонаам сар,
Боре бишунав садои қалбам,
Танҳоӣву ёди ошиноӣ,
Дардест гарону вои қалбам.
припев.