Нигина Амонкулова — Ишқи Ман (Ishqi Man)

Нигина Амонкулова Ишқи Ман (Ishqi Man)

Текст песни

Бо муждаҳои осуман,

Бо қатраборони чаман

[2x]

 

Бо партави хуршеду маҳ,

Нерӯ ҳамебахшӣ ба ман

Ту моҳи беозори ман,

Эй ишқи ман, эй ишқи ман.

 

Гоҳе навозӣ бо висол,

Гоҳе расонӣ бар камол,

Эй дарди бедармони дил,

Ҳаргиз наёби ту завол.

[2x]

 

Сарчашмаи оби зулол,

Эй ишқи ман, эй ишқи ман.

Ту моҳи беозори ман,

Эй ишқи ман, эй ишқи ман.

 

Мазмуни оҳи саркашам,

Маҳбуби қалби беғашам.

Сӯзӣ дар обу оташам,

Бо ту хушам, бо ту хушам.

[2x]

 

Парвардаи ақлу ҳушам,

Эй ишқи ман, эй ишқи ман

Ту моҳи беозори ман,

Эй ишқи ман, эй ишқи ман.

[2x]

 
Бо муждаҳои осуман....
 

Клип «Ишқи Ман (Ishqi Man)»

Видеоролики хранятся и модерируются сервисом YouTube. Отказ от ответственности

Заказать перевод Прислать свой вариант перевода

Текст песни Нигина Амонкулова Ишқи Ман (Ishqi Man) предоставлен в ознакомительных целях для личного развития.